Дар Душанбе дар арафаи иди Қурбон ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил мегарданд

Июль 5, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 05.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди Қурбон дар пойтахт ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил мегарданд. Дар ин хусус Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 июни соли 2022 ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки забҳи чорворо дар ҷойҳои барои ин амал муваққатан ташкилгардида гузаронанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад