Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сохтмони зиёда аз 49 хонаи истиқоматии баландошёнаи замонавӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 23.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён доранд. Дар айни замон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 49 хонаи истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодаанд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шариф Самӣ 21 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Шариф Самӣ иброз дошт, ки бо мақсади ободонию созандагӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида ҳамкории зичу пайваста ба роҳ мондааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 18 ҳазору 897 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии баландошёна ба истифода дода шудаанд.
«Дар шаш моҳи соли 2022 21 ҳолати ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар масоҳати 2400 метри мурабаъ ошкор карда шуда, сохтмонҳои ғайриқонунӣ бартараф карда шудаанд»,- гуфт Раиси ноҳия.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид






