НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти дорои никотин» қабул карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумон оид ба таҳлили иҷрои қонунгузорӣ ба сифати маҳсулоти тамоку ва машрубот изҳори нигаронӣ намуда, ба Прокурори генералӣ супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдор вазъи муомилоти тамоку ва машрубот дар бозори истеъмолии мамлакатро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. То кадом андоза супориши Раиси Маҷлиси миллӣ иҷро гардид?
Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ имрӯз дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода посух дод.
«Дар Тоҷикистон Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти дорои никотин» тасдиқ ва қабул карда мешавад. Айни замон лоиҳаи он дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори мамлакат қарор дорад. Ба воситаи ин регламенти техникӣ маҳсулоте, ки дорои никотин, яъне тамокуи алтернативӣ мебошанд, ба танзим дароварда мешаванд», — гуфт ӯ.
Мавсуф афзуд, ки дар ҷумҳурӣ тамокуи алтернативӣ, яъне маҳсулоти дорои никотин ба муомилот бароварда шудааст, ки он дар таҷрибаи дигар давлатҳо низ мушоҳида мегардад. Ба гуфтаи ӯ, мутаассифона, дар ҷумҳурии мо то кунун танзимкунандаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ нисбат ба ин маҳсулот мавҷуд набуд.
«Таҳия ва қабули Регламенти техникӣ метавонад омили таъсирбахши таъмини бехатарии молу маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани назорат дар ин самт гардад», — изҳори итминон намуд Директори «Тоҷикстандарт».
«Кормандони агентӣ бо истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти тамоку корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, талаботи асосиеро, ки ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ нисбат ба ин маҳсулот тақозо мекунанд, пешниҳод менамоянд»,- афзуд Темурҷон Абдулваҳобзода.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар самти муомилоти машрубот низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав охири соли 2021 лоиҳаи Регламенти техникӣ дар бораи «Бехатарии машрубот» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки он мавриди дастгирӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон зиёда аз 3 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртии сифаташон паст ошкор гардида, ҳангоми бақайдгирӣ барои коркарди такрорӣ пешниҳод карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад






