Пагоҳ Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Суди Олӣ, Кумитаи андоз ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 13, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл оид ба  ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи якуми соли 2022  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 08:00 дар Палатаи ҳисоб баргузор мешавад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00  дар вазорати мазкур нишасти матбуотиро барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Кумитаи андоз (кӯчаи Неъмат Қарабоев, 42/2 ) гузаронида мешавад.

Суди Олӣ нишасти матбуотиро соати 15:00 дар Суди Олӣ доир менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Июль 13, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид