Ҳунармандони Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Узбекистон сафар намуданд

Июль 4, 2022 14:36

ДУШАНБЕ, 04.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Як гурўҳ ҳунармандони вилояти Суғд аз марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамчунин кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳайати ҳунармандони вилояти Суғдро Ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиёваддинов пазироӣ намуд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати ҳунармандони тоҷик аз шаҳрҳои Марғелон, Фарғона, Риштон, Қуқанд ва Намангон дидан намуда, бо ҷараёни кори атласу адрасбофони узбек аз наздик шинос мешаванд.

Сафари занони ҳунарманд ба Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба рушди атласу адрасбофӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Мақсади ин сафар рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинҳои дастӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳунармандони Ҷумҳурии Узбекистон, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши марказҳои ҳунармандӣ мебошад.

АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Июль 4, 2022 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд