Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо сафири Русия мулоқот намуд

Июль 29, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 29.07.2022 /НИАТ «Ховар»/. 28 июл мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба муносибати ба охир расидани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ. 

Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунин аз раванди афзояндаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия изҳори қаноатмандӣ кард.

Вазири корҳои дохилӣ ба фаъолияти Игор Лякин-Фролов ҳамчун сафир дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ барои ҳамкории судманд ва дастгирӣ давоми фаъолият дар вазифаи сафир изҳори сипос намуд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов барои ҳамкории мутақобилан судманд ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Акс: ВКД ҶТ

Июль 29, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид