Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зинаҳои таҳсилотии бакалавр, мутахассис, магистратура, ординатура, аспирантура ва докторантура оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, анкетаи шакли муқарраршуда, нусхаи шиноснома, нусхаи нотариалии тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11 будан, нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант ва доктор), маълумотномаи тиббӣ 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД, маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ, сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (дар ҳолати мавҷуд будан), дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан), реферат аз рӯи мавзӯи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор), мактуби тавсиявӣ, маълумотнома аз ҷои истиқомат, нусхаи шиносномаи падару модар, маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати муваққатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома), 4 дона расми рангаи 3х4 ва маълумотномаи доғи судӣ талаб карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






