ФУТБОЛ. «Истиқлол» нахустин ғолиби Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид

Август 1, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти роҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қаёсов ғолиби мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон гардид.

Дар Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, ҳамаи даҳ дастаи ҷавонони чемпионати Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм ҷавонони КМВА-и пойтахт бар дастаи эҳтиётии «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Дар вохӯрии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дастаҳои ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и пойтахт бо ҳам нерӯ санҷиданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи ҷавонони «Истиқлол» анҷом ёфт.

Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол» соҳиби 30 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва нимҳимоятгари ин даста Паҳлавон Баҳризода беҳтарин бозигари финали мусобиқот дониста шуд. Ба иштирокчии бозии ниҳоӣ – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медали биринҷӣ — КМВА-и пойтахт 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Акс: ФФТ

Август 1, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид