Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ намуданд

Август 31, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб баррасӣ гардиданд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, 27 август сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сурат гирифт.

Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардиданд.

Баҳри амалӣ гардонидани мувофиқатҳои бадастомада ва дар чорчӯбаи шартномаҳои байналмилалӣ ба расмият даровардани он миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ

Август 31, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст