Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Гуфта шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагон аз вазъи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал дар оилаҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан менамояд.
Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии шаҳрванд Маҳмадулло Давлатов шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки оилаи Далатовҳо дар замини наздиҳавлигии худ, ки 15 сотихро дар бар мегирад, кишти такрории бодиринг, мош, лубӣ, гулкарам, боимҷон ва дигар маҳсулотро ба роҳ мондааст. Пеш аз кишти такрорӣ дар ин майдон картошка, бодиринг ва помидор корида буд, ки ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуда, дар зарфҳои дахлдор барои зимистон захира кардааст.
Оилаи Давлатовҳо айни замон дар зиёда аз 300 адад зарфҳо бо истифода аз маҳсулоти наздиҳавлигӣ афшураҳо омодаву маҳкам намуда, дар ин баробар гандум, пиёз, каду ва дигар маҳсулотҳо захира кардааст.
Маҳмадтоир Зокирзода ба кору фаъолияти ин оила барои захира ва истифодаи самараноки замин баҳои баланд дод.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд






