ЯРМАРКАИ МАКТАБӢ. «Нассоҷии тоҷик» барои беҳтар намудани стандарти либосҳо аз таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ истифода мебарад
ДУШАНБЕ, 15.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ҷараён дорад, ки то охири моҳ идома меёбад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ярмаркаи доимамалкунанда-намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ, воқеъ дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» дидан намуда, бо масъулин ва волидайни хонандагон ҳамсуҳбат гардид.
Сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» Раҳматулло Ғуломов иброз дошт, ки “имсол талаботи харидорон ба либосҳои истеҳсолнамудаи мо бештар гардидааст. Аз аввали сол то имрӯз ба миқдори 103 ҳазору 958 адад либосҳои мактабӣ истеҳсол шудаанд, ки 4 миллиону 513 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи либосҳое, ки то имрӯз ба фурӯш бароварда шудааст, 48 ҳазору 491 адад буда, 211 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Раҳматулло Ғуломов зикр кард, ки «ба ярмаркаи доимамалкунанда — намоиш — фурӯши либосҳои мактабӣ дар назди Иттиҳодияи мо хонандагону волидайни онҳо бо майли зиёд меоянд. Онҳо аз сифати хуби либосҳои мо изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Он хонандагоне, ки андозаи худро пайдо карда наметавонанд, метавонанд бевосита дар коргоҳи дӯзандагӣ тибқи дархосташон либоси мактабӣ фармоиш диҳанд».


Таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор карданд, ки истеҳсоли либосҳои мактабиро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, ба ин восита ҷойҳои нави корӣ таъсис ва ҳамзамон хонандагони мамлакатро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.
ИИ «Нассоҷии тоҷик» дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондааст. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхона бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.
Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатии СТҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст.


Имсол аз ҷониби кормандони «Тоҷикстандарт» дастурамали тавсиявӣ доир ба тарзи дурусти тарҳрезии либосҳо, сифат ва андозаи онҳо таҳия гардида, ба корхонаҳои дӯзандагии мамлакат пешниҳод карда шуд.
«Имсол корхонаи мо дӯхти либосҳоро аз рӯи ин дастурамал ба роҳ мондааст. Дар асоси он ҳам сифат ва ҳам андозаи либос шинаму зебо ва писанди хонандагону волидон гардид», -гуфт сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» Раҳматулло Ғуломов.
Мавсуф зикр кард, ки роҳбарияти ИИ «Нассоҷии тоҷик» барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани либосҳо барои коргоҳ таҷҳизоти нави замонавӣ харидорӣ намуда, барои баланд бардоштани малакаи кормандон ба корхона беҳтарин тарроҳон ва технологҳоро аз Олмон, Туркия, Чин ва дигар давлатҳои ИДМ даъват менамояд.
Ин мутахассисон бо дӯзандаҳои корхона машғулияти омӯзишӣ гузаронида, ба онҳо тарзи дӯхтани либосҳои мактабиро меомӯзонанд.


Дар ҳақиқат, дар ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабии назди ИИ «Нассоҷии тоҷик» мушоҳида кардем, ки либосҳои мактабии ин корхона миёни хонандагон мавқеъ пайдо намуда, аксарияти хонандагони шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он харидорӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳи мазкур кормандони корхона вазифадор гардидаанд, ки тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба хонандагон ва волидайни онҳо, ки барои дастрас намудани либоси мактабӣ меоянд, дар интихоби либос тавсия дода, кумак расонанд. Дар ин рӯйхат муайян гардидааст, ки дар кадом мактаб пӯшидани чӣ намуд либоси мактабӣ тасдиқ гардидааст.
Дар ин ҷо бо чанд нафар хонандагон ва волидайни онҳо доир ба сифати либосҳои мактабӣ суҳбат кардем. Агар солҳои пеш баъзе аз сокинон аз сифату тарҳи либосҳои ватанӣ изҳори нигаронӣ доштанд, имрӯз баръакс, сифати онро хуб арзёбӣ мекунанд.
Сокини шаҳри Душанбе Маҳорат Мирзоева иброз медорад, ки «чор фарзандам дар мактаб таҳсил мекунанд. Солҳои қабл барои фарзандонам аз бозорҳои шаҳр бо нархи гарон либоси мактабӣ харидорӣ менамудам. Вақте либосро мепӯшиданд, баъдан паст будани сифати он маълум мегардид. Имсол ба фарзандонам аз Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» ба андозаи худашон бо нархи арзон ва матои пахтагин либоси мактабӣ фармоиш додам. Либоси мактабии дар ин ҷо ба фурӯшбароварда сифати хуб ва нархи дастрас дорад».


Сокини дигари пойтахт Гулрухсори Гурезалӣ, ки барои писараш- хонандаи синфи 4 либоси мактабӣ интихоб мекард, зикр намуд, ки «сифати либосҳои мактабии корхонаҳои дӯзандагии кишвар сол то сол беҳтар мегардад. Азбаски онҳо дар ҷумҳурии мо истеҳсол мешаванд, нархҳо ҳам гарон нестанд. Хуб мешуд, ки савдогарони бозор моли истеҳсоли ватаниро бештар ба фурӯш гузоранд».
Модари як хонанда зимни суҳбат гуфт, ки ҳар сол дар интихоби либосҳои мактабӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегардид. Ба зикри ӯ, агар андозаи костюм мувофиқ меомад, шимаш кӯтоҳ ё танг буд ё баръакс. «Имсол ба ин мушкилӣ дучор нагардидам, ба ман дар ин ярмарка тавсия доданд, ки тибқи фармоиш либос дархост намоям. Андоза гирифта, либосро тибқи он омода намуданд», — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ин корхонаи дӯзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» соли 2015 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар он 350 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Дар корхонаи мазкур инчунин барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона дӯхта мешаванд. Таҷҳизоти корхонаро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Чехия, Чин, Туркия ва Корея ворид кардаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид






