ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат барои табобати сокинон ва низомиёни дар муноқишаҳои марзӣ зарардида табибони варзида ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни аёдати захмиёни даргириҳои охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Афсарону сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканонаи неруҳои низомии Қирғизистон ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон чанд нафар афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд.
Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб қарор дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд












Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад






