Дар маркази ноҳияи Мурғоб майдони Парчам ва Нишони давлатӣ сохта мешавад
ХОРУҒ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони Парчами давлатӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, дар канори он ҳамчунин Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Устои сохтмон Зунун Абрекеев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН гуфт, ки «майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 0,024 гектар бунёд гардида, яке аз нахустин маконҳои истироҳатию фароғатии ноҳия ба шумор хоҳад рафт. Сохтмони майдон ду сол пеш оғоз гардида, ҳоло 95 фоизи корҳо бо сифати баланд ба итмом расидаанд. Мутобиқи лоиҳа, баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 метрро ташкил дода, дарозии он 24 метр мебошад».
Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, бо ин мақсад зиёда аз 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Аз 20 нафар бинокорон 15 нафарашон сокинони маҳаллӣ буда, аксарияти масолеҳи сохтмонӣ аз шаҳри Душанбе интиқол меёбад. Музди меҳнати коргарон бе таъхир пардохт карда мешавад. Коргарон тасмим гирифтаанд, ки моҳи оянда корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд.

Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, бо қомат афрохтани иншооти таъйиноти гуногун симои маркази ноҳия ба куллӣ тағйир ёфт.
Танҳо дар панҷ соли охир дар ин ноҳия Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 кВт, бузуртарин ва баландтарин неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 180 киловатт-соат, биноҳои душоёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи ҳифзи муҳти зист мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе — Шарора — Ҳисор пурра мумфарш карда мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид






