Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобӣ, ки аз 10 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, се бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони мо дар даври аввал бо дастаи мунтахаби ҷавонони Сингапур мусовӣ (0:0) бозӣ карда, дар даври дуюм бар дастаи мунтахаби ҷавонони Лубнон бо ҳисоби калони 4:0 ва дар даври ниҳоӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо 7 хол дар ҷои аввали гурӯҳи «I» мавқеъ ва ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 20-сола роҳхат гирифт. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Лубнон бо 6 хол ҷои дуюм, Сингапур бо 2 хол ҷои сеюм ва Камбоҷа бо 1 хол ҷои чорумро гирифтанд.
Тибқи низомномаи чемпионат, ба марҳилаи ниҳоӣ ғолибони 10 гурӯҳи марҳилаи интихобӣ, инчунин 5 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд. То ҳоло Узбекистон ба ҳайси мизбон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «А» ), Қатар (гурӯҳи «В»), Ҷопон (гурӯҳи «С»), Урдун (гурӯҳи «D»), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «Е»), Индонезия («F»), Уммон (гурӯҳи «G»), Тоҷикистон (гурӯҳи «I»), Эрон (гурӯҳи «J») ва 4 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар – Ветнам, Қирғизистон, Чин, Сурия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Номи як дастаи дигар пас анҷоми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «Н», ки 14-18 октябр доир мегардад, муайян хоҳад шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон маротибаи панҷум аст, ки ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳхат мегирад. Футболбозони ҷавони мо қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018 дар Ҷоми Осиё ширкат карда буданд.
Мусобиқа то соли 2006 ҳамчун Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ҳар сол доир мегашт, аз соли 2008 миёни ҷавонони то 19-сола дар ду сол як маротиба баргузор мешуд. Бори аввал аст, ки чемпионат миёни ҷавонони то 20-сола доир мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»






