ФУТБОЛ. «Истиқлол» пас аз ғалаба бар «Истаравшан» ба садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон баромад
ФУТБОЛ. «Истиқлол» пас аз ғалаба бар «Истаравшан» ба садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон баромад
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии мавқуфмондаи даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сатҳи баланд баргузор шуд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯрии дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳар се голи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаҳои 48-ум, 72-юм ва 90+4-ум ба нишон расонида, дар анҷоми бозӣ беҳтарин бозингар эътироф шуд.
Ддар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бо дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 4 сентябри соли равон дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рудакӣ доир мегардад. Дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 11 бозии анҷомдода 24 имтиёз ба даст оварда, садрнишини ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 22 имтиёз бо 12 бозии анҷомдода ҷо гирифтааст.
Лигаи Олӣ | Даври 3-юм
«Истиқлол» 3:0 «Истаравшан»
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 48 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 72 (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 90+4 (3:0).
Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ чунинанд:
2 сентябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 17:00
«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ»
3 сентябр (шанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Истаравшан» – «Равшан» (Зафаробод)
«Равшан» (Кӯлоб) – КМВА
4 сентябр (якшанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Хатлон»
«Файзканд» – «Истиқлол»
Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 11 | 7 | 3 | 1 | 25-6 | 24 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 12 | 6 | 4 | 2 | 13-6 | 22 |
| 3 | «Файзканд» (Восеъ) | 12 | 6 | 3 | 3 | 15-16 | 21 |
| 4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 13 | 5 | 5 | 3 | 14-12 | 20 |
| 5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 12 | 5 | 4 | 3 | 14-8 | 19 |
| 6 | КМВА (Душанбе) | 12 | 5 | 2 | 5 | 16-19 | 17 |
| 7 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 13 | 4 | 2 | 7 | 16-13 | 14 |
| 8 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 12 | 3 | 2 | 7 | 16-24 | 11 |
| 9 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 12 | 3 | 1 | 8 | 10-18 | 10 |
| 10 | «Равшан» (Зафарабад) | 13 | 2 | 4 | 7 | 11-28 | 10 |
Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 гол, Шервонӣ Мабатшоев «Истиқлол»)- 8 гол, Манучеҳр Ҷалилов, ( «Истиқлол») ,Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан») – 5- голӣ.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд






