ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ. 9 сентябр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии бошукӯҳ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-9 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию ҳунарӣ, сайру гашти оммавӣ ва намоишҳои ҷолибу назаррабо ба нақша гирифта шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён иброз намуд, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар аст. Дар барномаҳои омоданамудаи санъаткорон беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ замзама мегарданд, ки ба фазои идона шукӯҳи тоза мебахшанд.
Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе шиору овезаҳо бо навиштаҷоту шеърҳо дар васфи Ватан ва Истиқлолият насб гардидаанд. Инчунин дар гузаргоҳҳо мавзеъҳои беҳтарини пойтахт бо парчами миллӣ оро дода шудаанд, ки шаҳри Душанберо боз ҳам зеботару диққатҷалбкунанда гардонидаанд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, 9 сентябр аз соати 09:00 то 11:00 дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи мутантани театрӣ ва суруду мусиқии дилнишинро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Дар ин рӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии вазорат барномаи ҷолиби фарҳангӣ омода намудааст, ки пешниҳоди сокинон мегардад. Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ва ансамбли «Сомон» дар майдончаи фарҳангии хиёбони Сино барномаи фарҳангӣ ва рақсҳои тоҷиконаро манзур мегардонанд. Инчунин дар ин рӯз Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Фирдавсӣ»-и пойтахт барномаи ҷолиберо, ки аз рақс, суруд, тарона ва иҷрои оҳангҳои мутантан иборат аст, пешниҳод менамоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз аз соати 15:00 то 17:00 дар Боғи «Ирам» Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар Майдончаи фарҳангии хиёбони Сино, Ансамбли «Лола» ва ансамбли «Сомон» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Фирдавсӣ» бо барномаҳои ҷолиби идона хотири меҳмонону сокинони шаҳрро шод мегардонанд.
Муовини аввали Директори Сирки давлатӣ Қурбоналӣ Зоиров иттилоъ дод, ки аз 9 то 11 сентябр ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии сиркӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.
Барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барои шаҳрвандони синни гуногун равона гардида, дар онҳо бештари жанрҳои сиркӣ, аз ҷумла, гимнастика, акробатика, дрессура (ромкунандаи ҳайвонот), эквилибристика (мувозинатнигаҳдорӣ), клоунада (масхарабозӣ), жанглёр (саққобоз), атлетика (варзиш), фокус (чашмбандӣ) ва ғайра пешниҳод мегарданд.
Чиптаҳоро аз хазинаи Сирки давлатӣ метавон дастрас намуд.
Ёдовар мешавем, ки 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии мамлакатро эълон намуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият шинохт. Ин рӯз барои тоҷикон таърихӣ ва фаромӯшнопазир мебошад. Санаи муҳими таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб рафтани 9 сентябр гувоҳи он аст, ки орзуву ормонҳои чандинасраи ин миллат ниҳоят баъди ҳазорсолаҳо аз нав ҷомаи амал пӯшид ва мо аз нав соҳибдавлат гардидем. Аз ин рӯ ҳамасола ин рӯз ва ин ҷашни муқаддас дар саросари мамлакат бо рӯҳияи идонаи фарогири эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ мутантан таҷлил мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд






