Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз зимни мулоқоти Раиси комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, — таъкид кард Ҷамшед Муртазозода ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Мавсуф фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳарду мамлакат арзёбӣ намуд.
Дар ин замина боздидҳои Сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ гардидаанд.
Зимни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки самти ҳамкории фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфтааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.
Акс: МН МО ҶТ

16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад

Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия доир шуд
16 июн иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар мавзуи «Дипломатияи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд