Тоҷикистон Арманистон ва Озарбойҷонро ба музокирот даъват кард
ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон аз Арманистон ва Озарбойҷон даъват ба амал меорад, ки сари мизи музокирот нишинанд. Дар ин бора Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таври онлайн изҳор дошт.
Ӯ ба ҳалли ҳарчи зудтари вазъ дар сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон бо роҳи дипломатӣ даъват намуд.
Қоҳир Расулзода нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз ташаннуҷи нави равобити Арманистон ва Озарбойҷон иброз дошт.
«Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд», — иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин Сарвазири мамлакат изҳори итминон кард, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа- ин истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, шоми 13 сентябр бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






