Тоҷикистон ва Кувайт таҳким ва тақвияти ҳамкориро баррасӣ карданд

Сентябрь 5, 2022 10:54

ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба рушд ва ҳамкории байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал-Мишъон 4 сентябр мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод буд, 9-22 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ  баргузор мешавад.

20 сентябр дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур баргузории  Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Кувайт дар назар  дошта шудааст.

Ҳамчунин ҳайати Давлати Кувайт 21 сентябр  аз  ҶДММ «Сиёма», ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ «Артел –Авесто Электроникс» дидан намуда, бо фаъолияти корхонаҳои мазкур аз наздик шинос мешавад.

Дар ин рӯз меҳмонон ҳамчунин бо мақсади шиносоии бештар бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик  аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 5, 2022 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дабири кулли САҲА саҳми Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа баланд арзёбӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Миср нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Беш аз 300 хабарнигори ватанӣ ва хориҷӣ Конфронси оби Душанбе-2026-ро инъикос менамоянд
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Ҷашнвораи баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст