Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни табибони Тоҷикистон ва Эрон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 27 октябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт, ки зимни он ҳамкории мутақобилан судманд доир ба омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб, табодули таҷрибаи табибони ду мамлакат, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.
Дар доираи сафар Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ мулоқот намуд. Зимни суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки «дар Тоҷикистон соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар айни замон теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва бунёди бунгоҳҳои саломатӣ бештар гардидааст. Инчунин фавти модарон ва кӯдакон хеле коҳиш ёфтааст, ки яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад».
Зикр шуд, ки ин вохӯрӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалии якдигар, машварат ва гуфтугӯ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарияти Донишгоҳи улумипизишкӣ ва илми Машҳад, Донишгоҳи улумипизишкии ба номи Шаҳид Биҳиштӣ ва Донишгоҳи улумипизишкии шаҳри Шероз мулоқот намуд.
Зимни вохӯриҳо ҳамкории муассисаҳои олии таълимии ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд






