Дар Кӯлоб Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 сентябр то 2 октябр дар шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаҳои ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 12 вазн миёни бонувон сурат гирифт, варзишгарон аз минтақаҳои кишвар, инчунин Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Миёни мардҳо дар 6 вазн варзишгарони дастаи Хатлон-2, дар 4 вазн намояндагони Душанбе, дар 2 вазн варзишгарони Хатлон-1 ва дар як вазн намояндаи Узбекистон ғолиб шуданд.
Миёни бонувон дар 6 вазн намояндагони Узбекистон, дар 5 вазн варзишгарони Душанбе, дар як вазн намояндаи дастаи Хатлон-2 пирӯз гардиданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






