«ИБТИДО» ИНТИҲО НАДОРАД. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 40-солагии нахустнамоиши спектакли Ато Ҳамдам таҷлил гардид

Октябрь 19, 2022 13:15

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 40-солагии нахустнамоиши спектакл бо номи «Ибтидо» аз рӯи драмаи ҳамноми Ато Ҳамдам, ки чанде пеш бо   унвони олӣ- Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид, ҳамоиш доир шуд.

Ҳамоишро, ки дар он   адибону ҳунармандон ва ҳаводорони зиёди эҷодиёти Ато Ҳамдам иштирок доштанд, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ифтитоҳ намуд. Ӯ зикр кард, ки Ато Ҳамдам солҳои тӯлонӣ дар соҳаи наср, драматургия, публисистика ва тарҷумаи бадеӣ фаъолияти пурсамар дорад. Сипас, театршинос, номзади илмҳои таърих Муҳаммадулло Табарӣ доир ба вижагиҳои бадеии драмаи зикршуда маърӯзаи пурмазмун ироа намуд.

Дар бораи эҷодиёти Ато Ҳамдам- муаллифи китобҳои зиёд ҳамчунин ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Марям Исоева, Тӯрахон Аҳмадхон, Асалбек Назриев, Нурулло Абдуллоев, доктори илмҳои фалсафа, академик Кароматулло Олимзода ва дигарон ибрози назар карданд.

 Санъаткорон порчаеро аз пйесаи «Ибтидо» намоиш доданд, ки бавижа монологи модар дар иҷрои Марям Исоева хеле таъсирбахш буд.

Иштирокчиёни ҳамоиш инчунин саҳми назарраси Ато Ҳамдамро дар таҳкими робитаҳои адабии Тоҷикистон ва Арманистон, Беларус, Россия ва Қазоқистон зикр намуданд.

                                                                Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2022 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид