ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобӣ бо Афғонистон бозӣ мекунад

Октябрь 9, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин бозии ҳалкунанд дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасони то 17-сола ҳамаи дастаҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок доранд. Тибқи низомнома ғолибони ҳамаи гурӯҳҳо ва 5 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки моҳи майи соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 9, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд