АМИТ «ХОВАР» ДАР КОНГРЕССИ УМУМИҶАҲОНИИ ВАО ДАР АБУЗАБӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД. Ба меҳмонони гӯшаи Агентӣ дар бораи дастовардҳо ва ташаббусҳои Тоҷикистон маълумот дода шуд

Ноябрь 23, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 23.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар Конгресси умумиҷаҳонии ВАО, ки аз 15 то 17 ноябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, муаррифӣ шуд.

Дар доираи конгресс намоишгоҳ ташкил гардид, ки тӯли се рӯз меҳмонон, аз қабили коршиносони соҳаи ВАО ва масоили сиёсию иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ ва намояндагону роҳбарони агентиҳои иттилоотию ширкатҳои гуногун аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, Италия, Олмон, Ҳиндустон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Юнон, Босния ва Ҳерсеговина, Зеландияи Нав, Исроил, Филиппин, Урдун ва ғайраҳо аз гӯшаи АМИТ «Ховар» боздид намуданд.


ДАР АКС: Боздиди меҳмонон аз гӯшаи АМИТ «Ховар» дар намоишгоҳи Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ

Зимни боздид ба меҳмонон доир ба фаъолияти Агентӣ, дастовардҳо ва пешравиҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар онҳо, имконияти сайёҳию иқтисодӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва ғайра маълумот дода шуд.


ДАР АКС: Боздиди меҳмонон аз гӯшаи АМИТ «Ховар» дар намоишгоҳи Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ

Ҳамчунин зимни суҳбатҳои алоҳида меҳмонон масъалаи барқарор намудани робита бо Агентӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот ва таҷриба изҳори омодагии қатъӣ намуданд.


ДАР АКС: Боздиди меҳмонон аз гӯшаи АМИТ «Ховар» дар намоишгоҳи Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ

Тавре зимни боздид аз гӯшаи «Ховар» Директори генералии Агентии иттилооти Аморот (WAM) ва раиси Кумитаи олии тадорукоти Конгресс Муҳаммад Ҷалол Ал Райсӣ иброз дошт, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо АМИТ «Ховар» омода аст ва дар шаҳри Душанбе ва ё дар доираи дуюмин Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ ба имзо хоҳад расид».

Ӯ ҳамчунин изҳори итминон намуд, ки баъди ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни ҳарду агентӣ ҳамкорӣ дар соҳаи табодули иттилоот ва таҷрибаи кормандон беш аз пеш таҳкиму тақвият меёбад.

ДАР АКС: Суҳбати Акрамхоҷа Акбар бо Директори генералии WAM Муҳаммад Ҷалол Ал Райсӣ зимни боздиди ӯ аз гӯшаи АМИТ «Ховар» дар намоишгоҳи Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ

Дар робита ба конгресс Ал Райсӣ бо қаноатмандӣ тазаккур дод, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд ва мақсаде, ки гузошта шуда буд, ба он расиданд.

«Имрӯз дар рӯзи охирини Конгресси умумиҷаҳонии ВАО мебинем, ки фароҳам овардани шароит барои суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати баррасии ҳамкорӣ чӣ қадар муҳиму саривақтист. Гуфта метавонам, ки конгресс натиҷаи назаррас дод ва ба мақсаду вазифаҳое, ки дар наздамон гузошта будем, расидем», — изҳори назар кард ӯ.

Таҳлилгари масоили геосиёсӣ аз Зеландияи Нав Ҷеффри Миллер баъд аз боздид аз гӯшаи «Ховар» ва гирифтани маълумоти муфассал дар бораи Тоҷикистон дар саҳифааш дар Twitter назарашро бо гузоштани акси муштарак бо намояндаи Агентӣ чунин баён кард:

«Бароям <…> гирифтани маълумот дар бораи пешравиҳои Тоҷикистон аз Акрамхоҷа Акбар, намояндаи агентии давлатии «Ховар» дар Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ бисёр хуб буд».

ДАР АКС: Акрамхоҷа Акбар бо Ҷеффри Миллер дар намоишгоҳи Конгресси ҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ. Акс: скриншот аз Twitter

Ёдовар мешавем, ки конгресс таҳти сарпарастии муовини Сарвазир ва Вазири суди президентии АМА шайх Мансур бин Зоид Оли Наҳаён бо ташаббуси Маркази миллии намоишгоҳи Абузабӣ (ADNEC) дар ҳамкорӣ бо Агентии иттилоотии Аморот (WAM) дар мавзӯи «Ташаккули ояндаи соҳаи ВАО» доир карда шуд. Дар он иртибототи рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияҳои пешрафта ва инноватсияҳо дар бахши ВАО мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷаласаҳои вижаи рӯзноманигорӣ, радио, телевизион, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтанд.

Конгресс беш аз 192 агентиҳои иттилоотиро аз 42 кишвар, зиёда аз 1200 коршиносу мутахассисони соҳаи ВАО ва беш аз 13656 нафарро ҷалб намуд.

Дар доираи он зиёда аз 10 созишномаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба имзо расид. Давоми се рӯз як қатор навовариҳои ВАО низ муррифӣ шуданд.


ДАР АКС: меҳмонони намоишгоҳи Конгресси умумиҷаҳонии ВАО дар Абузабӣ

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Абузабӣ-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нашр мегардад
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
Дар Академияи миллии илмҳо бо намояндагони Корпоратсияи «Синергия» рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 филм намоиш дода мешавад
Дар доираи Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Душанбе филмҳои «Шамбала» ва «Эсимда» намоиш дода мешаванд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд