Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба пешгирии киберҷинояткорӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷодаи ҳамкории дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 1 августи соли 2016 миёни Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Беларус ба имзо расида буд, 23 ноябр дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ: нигоҳи ҷавонон» конференсияи илмии байналмилалии курсантон, шунавандагон, донишҷӯён ва магистрантон дар шакли он-лайн баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД хабар доданд.

Анҷумани илмиро муовини сардори Академияи ВКД Беларус оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Павел Гридюшко ифтитоҳ намуда.

Дар конференсия курсанти курси 5 факултети № 2-и Академияи ВКД Усмонҷон Наимов дар мавзӯи «Киберҷинояткорӣ ва хусусияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки фаъолияти ҳаётан муҳими ҳар инсон имрӯз ба технологияҳои телекоммуникатсионӣ, ки тақрибан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ истифода мешаванд, вобаста мебошад, зеро имрӯз ҷаҳон ба давраи нав — ҷомеаи иттилоотӣ дохил шудааст. Рушди босуръати иттилоотонӣ боиси пайдоиши намудҳои нави ҷиноятҳо, аз қабили ҷиноятҳои компютерӣ, яъне киберӣ гардид. Ҳамчун як падидаи ҷиноятии нав ва нокифоя омӯхташуда киберҷиноятҳо сазовори таваҷҷуҳи махсусанд ва ба ҳалли ин масъала, ки барои инсоният хатарнок аст, муносибати махсус тақозо менамоянд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хусусан аз амалҳои қаллобон марбут ба истифодаи шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки аз манбаъҳои кушоди он технология барои сохтани ҳар гуна барномаҳо имконпазир аст, нигарон мебошанд. Ҷинояткорони киберӣ бо рахна кардани сомонаҳо ба намудҳои гуногуни иттилоот, аз ҷумла, маълумоти махфӣ низ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Зимни конференсия проблемаҳои дигари мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва ғайра, ки аз тарафи намояндагони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия пешниҳод шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

АКС: Академия ВКД ҶТ

Ноябрь 24, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид