Дар Душанбе оид ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 9, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ — амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти мазкур.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва дастгириҳои Фонди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ва фонди Шоҳроҳи Абрешим-шоҳроҳи Ваҳдат баргузор шуда, дар он муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, раиси Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси намояндаи фонди ба номи Кондрад Аденауэр дар ОМ Ронни Ҳайне, коршиносону муҳаққиқон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон сухан намуданд.

Дар конфронс намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказии муқими Тоҷикистон, роҳбарияти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ иштирок карданд.


Масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологии дар раванди конфронс баррасишуда таваҷҷуҳи иштирокдоронро дар баробари таъмини амнияти минтақа ба масоили иқтисодӣ ва экологии дар минтақа ҷойдошта равона намуд. Чунин ташаббус андешаи коршиносони минтақаи Осиёи Марказиро доир ба масоили таъмини амнияти минтақа ва мушкилоти иқтисодиву экологӣ ба ҳам овард ва тавсия дода шуд, ки дар шароити бавуҷудомада дар ҳалли мушкилоти минтақавии ҷойдошта мо бояд дастҷамъона мубориза барем.

Мақсади конфронси «Таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ», пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, таҳия ва қабули стратегияҳои нави рушд ва ҳамкорӣ, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои таъмини амнияти милливу минтақавӣ, сиёсат, иқтисод ва экологӣ мебошад.

Дар қисми ифтитоҳии конфронс миёни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Фонди ба номи Кондрад Аденауэр ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин анъанаи некро барои рушди ҳамкорӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ намудани хатару даҳшатафканиҳо дар минтақа, ба роҳ мондан ва таҳким бахшидани ҳамкории илмиву таҳқиқотии муштарак идома диҳанд.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Ноябрь 9, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад