ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ- РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ. Зеро маҳз дар он тақдири ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол тарҳрезӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи муосири Тоҷикистон саҳифаҳои ҷадиди дурахшону ояндадоре дорад, ки бо гузашти вақт моҳият ва манзалати онҳо барои пешрафти ҷомеаи мо пурарзиш мегарданд. «Саҳифаҳои муосири давлатдории навини миллии мо аз ду санаи муҳим — Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз мешаванд, ки моҳият ва арзиши бузурги сиёсӣ, идеологию иҷтимоӣ дошта, миллати моро сарҷамъ намуданд ва ба ин рӯзҳои неку созанда расониданд»,-иброз дошт и.в ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамалишо КАРАМАЛИШОЕВ бахшида ба иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон.
Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, дар кори Иҷлосия, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфт, аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуданд. Дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд. Баъди ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон дар суханронии нахустин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «…Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем… ».
Ҳамин тавр, хишти аввали давлатдории навини ҷумҳурии маҳбубамон гузошта шуд. Аз ин хотир иҷлосияро таърихию тақдирсоз ном мебаранд, зеро маҳз ин воқеа имкон дод, ки Тоҷикистон мамлакати орому осоишта ва рӯ ба инкишоф шавад.
Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора борҳо изҳор намудаанд, «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид».
Пас аз чандин марҳалаҳои мушкили дигари сулҳофарӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ бо роҳбарияти оқилонаи Сарвари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагию ободонӣ ва банақшагирию амалигардонии нақшаҳои стратегии рушд ва рушди устувор шурӯъ мешавад. Самтҳои асосии марҳалаи рушди давлатдориамон ба тариқи мушаххас дар суханрониҳои Пешвои миллат чунин баён ёфта буданд:
«Самти аввал, ҳифзи давлатдории миллӣ мебошад. Мо то имрӯз марҳалаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии худро асосан ба анҷом расонидем ва бисёр масъалаҳоеро, ки хоси ин давра буданд, ҳал кардем. Вале масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи бисёр муҳими ҳаётӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
Самти дуввум, ин масъалаи ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Ин масъала хусусан дар раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.
Самти сеюм, ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» мебошад.
Самти чорум, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки бояд ҷавҳари фаъолияти ҳамешагии мардуми мо бошад.
Самти панҷумро метавон сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон номид. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кор ба ҷавонон имконияти муносиб фароҳам оварда шавад.
Самти шашум, ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ».
Чандин лоиҳаҳои хурду бузург доир ба баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ амалӣ шуда, лоиҳаҳои нав таҳия гардида истодаанд.
Ҳамин тариқ, аз Иҷлосияи тақдирсоз то Ваҳдати бунёдгузор миллати мо дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба бисёр комёбиҳо ва дастовардҳои оламшумулу бузург ноил гашт. Ин ҳамаи моро водор мекунад, ки бо масъулияти баланд онҳоро нигоҳ дорем ва дар пешрафти ҷумҳурии азиз саҳми худро гузорем. Зеро моҳияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии воқеаи бузурги таърихи миллати тоҷик низ дар ҳамин аст. Тавре бузургон мегӯянд: «То ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар намешавад». Миллати ранҷкашидаи мо акнун дар айёми истифодаи озод аз ганҷу файз ва баракати истиқлолият қарор дорад.
Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ миллатро аз маргу фаношавӣ наҷот дод, ҷумҳуриро ба оромӣ ва тинҷӣ овард. Бо роҳи пешгирифтаи ин воқеаи муҳими таърихӣ, ки оғози раҳоӣ аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризояти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.
Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бешумор буда, инҷо ба чанде аз он ишора мекунем.
Дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иншооти бузург, аз қабили ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун», беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои замонавии дорои таҷҳизоти зарурӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бахусус, дар пойтахти мамлакат ба истифода додани корхонаву сохтмонҳои хурду калон далели равшани самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки тавассути дастгириҳои холисона ва ғамхоронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст.
Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.
Дар ин замина, дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар сӣ соли Иҷлосияи мазкур номбар карда шудаанд:
Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва суханронии нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.
Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷумҳурӣ ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.
Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.
Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Шашум, ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), «Оши палав» (2016) ва «Чакан» (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як зумра шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.
Ҳафтум, ба тамоми оилаҳои ҷумҳурӣ дастрас намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Қуръон» бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид.
Ҳаштум, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти ҷумҳурӣ, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги мошингарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои мошингард.
Муҳимтар аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли ин солҳо бо ташаббуси фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдони бузурги бинокорӣ мубаддал гардид.
Карамалишо КАРАМАЛИШОЕВ,
и.в ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ,
номзади илмҳои таърих, дотсент
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд






