Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамоиш доир намуд

Ноябрь 10, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 10.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони мақомот, намояндагони Шӯрои ҷавонони назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин кормандони шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода ҳамоишро оғоз намуда, доир ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.

Олими таърихшинос, доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зикриё Акрамӣ дар мавзӯи «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих» маърӯза намуда, оид ба нақши ин иҷлосияи сарнивиштсоз дар таърихи навини тоҷикон ибрози ақида намуд.

Дар ҳамоиш инчунин сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии  Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Аҳад Содиқов оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлату миллати тоҷикон аз парешонӣ бо таҳлили амиқи муқоисавӣ сухан гуфт.

Зикр шуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлати тоҷикон вазифаи ҳар фарзанди баору номуси ватан мебошад ва мо бояд дар пайравӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати ободу зебо ва пешрафта намудани ватани азизамон саъю талош намоем.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт