Минбаъд фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав аз назди Боғи миллӣ ба роҳ монда мешавад

Ноябрь 24, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти аз самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, назди Боғи миллӣ нуқтаи таваққуфи нақлиёти мусофирбар бо шароити мувофиқ ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода бо роҳбарони сохторҳои дахлдор, корхонаву ҷамъияти нақлиётии мусофирбари пойтахт ронандагону мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт иброз гардид, ки бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёи мусофирбар шурӯъ аз 23 ноябр аз хизматрасонии таваққуфгоҳи нақлиёти мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода истифода намоянд.

Инчунин бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба таваққуфгоҳи нақлиёти мусофирбари назди Боғи миллӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ба роҳбарони сохторҳои марбута ва ҷамъияти нақлиётӣ супориш дода шуд, ки то муҳлати муайян воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали мазкур интиқол диҳанд.

АКС: МДК Душанбенақлиётхадамотрасон

Ноябрь 24, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид