МУАЙЯННАМОИИ СОХТОРИ АМИҚИ ЗАМИН ДАР ЗЕРИ ТОҶИКИСТОН. Барои омӯзиши ксенолитҳо* дар Тоҷикистони Шарқӣ экспедитсия анҷом дода шуд

Ноябрь 27, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 27.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл бо иштироки геологҳо аз Тоҷикистон, Россия ва Чин барои ҷустуҷӯи ксенолитҳои амиқ* дар минтақаҳои душворгузари Тоҷикистони шарқӣ экспедитсияи байналмилалӣ анҷом дода шуд, ки он барои муайян намудани сохтори амиқи Замин дар зери Тоҷикистон ва бозсозии равандҳои геологие, ки ба пайдоиши кӯҳҳои Помир оварда расониданд, кумак менамояд. Экспедитсияи соли 2022 бо сардории Денис Михайленко ва Шарифҷон Одинаев машғули ҷамъоварии ксенолитҳо аз лӯлаи «Эклогитовая» буд, ки дар наздикии деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоб мавқеъ аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» яке аз роҳбарони экспедитсияи мазкур, мудири озмоишгоҳи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифҷон ОДИНАЕВ иттилоъ дод.

Дар зер бардоштҳои геологи тоҷик аз экспедитсияи мазкур пешкаши хонандагон гардонида мешаванд.

— Тоҷикистон бо кӯҳҳои зебои худ маъруф аст. Кӯҳҳои Фон ва қаторкӯҳҳои Помир барои кӯҳнавардон ва сайёҳони тамоми ҷаҳон ба зиёратгоҳ табдил ёфтаанд. Аммо барои геологҳо Помир на танҳо бо манзараҳои зебо ва кашфи қуллаҳояш шавқовар аст, балки дар ин ҷо яке аз аҷоибтарин падидаҳои геологии ҷаҳон- лӯлаҳои таркиши давраи кайнозой (давраи геологӣ, ки аз 65 миллион сол пеш шурӯъ гашта, то имрӯз давом ёфтааст) бо пораҳои ҷинсҳои амиқ- ксенолитҳо* ҷойгир мебошанд.

Тавре ки  аз номи лӯла- «Эклогитовая»  бармеояд, дар ин лӯла муҳимтарин навъи ҷинсҳои кӯҳӣ- эклогитҳо ҷойгир мебошанд, ки аз ақиқҳои сурх ва пироксенҳои сабз иборат буда, дорои таркиби баланди унсури кимиёии натрий мебошанд. Эклогитҳо дар кори Замин нақши муҳим мебозанд, зеро ҳангоми пайдоиши онҳо ҷинсҳои кӯҳии базалтии қишри уқёнусии Замин таҳти фишори баланд тағйир хӯрда, ба эклогит мубаддал мешаванд ва вазни қишрро бештар гардонида, боиси «ғӯтидани» он ба мантия мегарданд. Ин механизм яке механизмҳои асосии ба ҳаракат овардани тектоникаи тахтасангҳо мебошад.


Лӯлаҳои вулқонӣ дар натиҷаи таркиши вулқон ва фаввора задани магма (тафта) аз он ба вуҷуд меоянд. Таркиши вулқонҳо ҳангоме сурат мегирад, ки магмаи ғанигашта аз газҳову об (H2O, CO2, Cl, F ва ғайра) бо суръати баланд аз қаъри Замин ба боло меояд ва ба рӯи Замин расида, ба монанди таркиши маводи таркандаи бузург мунфаҷир мегардад. Дар ҷараёни боло рафтан магма пораҳои сангҳои иҳотакунандаро бо худ мегирад, ки ксенолит* («санги бегона») ном гирифтаанд. Барои заминшинос, ксенолитҳо* хеле ҷолибанд, зеро онҳо амиқтарин қабатҳои Заминро, ки барои мушоҳидаи бевосита дастрас нестанд, «намунабардорӣ» мекунанд. Маҳз бо шарофати ксенолитҳо мо медонем, ки дар зери қишри Замин, дар чуқуриҳои 5-70 км қабати серзахираи Замин оғоз мегардад, ки мантия ном гирифтааст. Таркиби мантия аз таркиби ҷинсҳои кӯҳии маъмулии рӯи Замин фарқ мекунад ва ба таври доимӣ таҳти ҳарорати баланд (1000-1500 ˚С) қарор дорад. Ксенолитҳои амиқ бештар дар кимберлитҳо – ҷинсҳои дорои миқдори хеле зиёди магний ва карбонатҳо вомехӯранд, ки дар шакли лӯлаҳои таркиш дар Россия, Африқои Ҷанубӣ, Ботсвана ва дигар кишварҳо мавҷуданд. Илова бар ин, кимберлитҳо манбаи асосии алмосҳои гаронбаҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Тибқи таҳқиқоти қаблӣ, дар лӯлаҳои тарқиши Тоҷикистони шарқӣ алмос вуҷуд надорад, аммо ксенолитҳои амиқи онҳо барои илм аҳамияти бузург доранд.

Бояд гуфт, ки хусусияти нодири баъзе ксенолитҳои амиқи Помири Шарқӣ мавҷудияти скаполит, натрий ва алюмосиликати калсий мебошад, ки навъи ҷавоҳирии он аз кони «Черногорский», воқеъ дар Помири шарқӣ низ истихроҷ шудааст.

Аввалин тадқиқоти ксенолитҳои амиқи Тоҷикистон аз тарафи олимон, ба монанди Баротов Р.Б., Дмитриев Э.А. ва Лутков В.С. иҷро гаштаанд. Натиҷаи тақиқоти олимони мазкур имкон дод, ки аввалин маълумот оид ба сохтори амиқи Замин дар зери Помири шарқӣ ба даст ояд.  Тадқиқоти муфассали ксенолитҳои Помир, ки аз тарафи олимони амрикоӣ гузаронида шуданд, имкон доданд, ки синни пайдоиши ин ҷинсҳои кӯҳии амиқ муайян карда шуда, пайдоишашон ба ҳодисаҳои муҳими рушди геологии қаторкӯҳҳои Помир пайваст карда шавад.

Таҳқиқоти олимони рус нишон доданд, ки баъзе ксенолитҳои амиқи Помир дорои дохилаҳои гудохта мебошанд: пораҳои хурди шиша, ки бо минералҳо печонида шудаанд ва магмаи қадимиро ифода мекунанд. Бозёфтҳои дохилаҳои гудохта дар бораи гудозиши ҷинсҳои кӯҳии зери Помир аз гузаштаи дури он шаҳодат медиҳанд. Азбаски Помир қисми баландтарин ва фаъолтарин системаи кӯҳӣ мебошад, дар натиҷаи омӯзиши ксенолитҳои ин минтақа метавон маълумоти муҳиме ба даст овард, ки он барои дарки беҳтари равандҳои системаҳои кӯҳии бостонӣ, ки рушдашон кайҳо ба охир расидааст, мусоидат менамояд.

Чун лӯлаи «Эклогитовая» дар баландии 4600 м аз сатҳи баҳр ва дар назди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, экспедитсия дар шароити душвор баргузор гашт. Кор дар чунин баландӣ омодагии хуби ҷисмонӣ ва мутобиқшавии оқилона талаб мекард. Дастрасӣ ба минтақаи омӯзиш дар ноҳияи ниҳоят дурдаст тавассути истифода аз мошинҳои кӯҳгард ва ба туфайли маҳорати ронандагони маҳаллӣ имконпазир гардид. Экспедитсия ба шароити вазнини боду ҳаво дучор гашт, чун охири моҳи август ба Помир сиклон омад ва ба миқдори ғайримаъмулӣ борону барф борид. Сарфи назар аз душвориҳо ҳайати экспедитсия ба ҳадафҳои худ расид ва аз ҳама муҳим, бидуни осеби ҷисмонӣ баргашт.


Ин экспедитсия натиҷаи ҷидду ҷаҳди бисёр одамон ва ташкилот мебошад. Баргузории он ба шарофати маблағгузории фондҳои илмӣ- Фонди илмии Россия ва NSFC-и Чин, инчунин дастгирии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имконпазир гардид. Дар омодагӣ ва баргузории экспедитсия дастгирии бебаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ нақши калидӣ бозид. Сокинони маҳаллӣ низ ба ҳайти экспедитсия бо сӯзишворӣ ва ҷойи зист, инчунин бо донишҳояшон дар бораи водиву кӯҳҳои Помири шарқӣ ёрии вижа расониданд.

Ба ҳайати экспедитсия профессори Донишгоҳи илмҳо оид ба замини Чин А.  Степанов, ходими калони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон Ҷ. Аминов, аспиранти Институти геология ва минералогияи ба номи В.С. Соболеви шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия Н. Губанов ва магистранти Донишгоҳи илмҳо оид ба замини Чин Ҷ. Муродов шомил буданд.

Экспедитсия зиёда аз ду ҳафта давом ёфта, дар фарҷом ҳайти он ба шаҳри Душанбе баргашт. Анҷоми сафар марҳилаи муҳим ҳам бошад, марҳилаи ниҳоии корҳои илмӣ нест. Акнун ҳайати экспедитсияро зарур аст, ки корҳои зиёдеро барои омӯзиши маводи бадастомада анҷом диҳанд. Намунаҳои бадастомадаи ксенолитҳои амиқ тавсиф шуда, барои озмоишоти минбаъда бо усулҳои гуногуни таҳлилӣ омода карда мешаванд. Барои навъҳои мураккабтарини озмоишот ҷинсҳои кӯҳӣ ба озмоишгоҳҳои махсуси донишгоҳҳои пешқадами чаҳон фиристода мешаванд. Олимони тоҷик бо муҳаққиқони бурунмарзӣ ҳамкории пайваста намуда, дар якҷоягӣ маълумоти нави илмӣ ба даст меоранд. Умедворем, ки ин экспедитсия ибтидои ҳамкории дарозмуддат ва пурсамар дар омӯзиши объектҳои нодири геологии Тоҷикистон буда, доир ба механизмҳои ҷаҳонии кӯҳсозӣ донишҳои нав меорад.

 

Шарифҷон ОДИНАЕВ,

мудири озмоишгоҳи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 ___________________

* Ксенолит калимаи юнонии қадим буда, маънояш «санги бегона» аст, яъне порасанги навъи кӯҳиест, ки бо тафта печонида шудааст

 

Ноябрь 27, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

20 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон соҳиби дипломи такмили ихтисос шуданд
ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ. Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир карда шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 22 ихтисоси нав ба роҳ монда мешавад
РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи таълимии муосир кушода шуд
Маркази миллии тестӣ барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз намуд
Олимони тоҷик 28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ба даст оварданд
««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон даври аввали озмун оғоз ёфт
Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд
Дар Тоҷикистон доир ба ихтисосҳои интихобнамудаи довталабон феҳристи нав таҳия мешавад
Маркази миллии тестӣ: соли 2022 тиб, биология ва варзиш аз серинтихобтарин самтҳо байни довталабон гардиданд
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома доранд
Таҳсил дар хориҷ: имконияти мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон