РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Пагоҳ дар Душанбе роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегарданд

Ноябрь 23, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ сурат мегирад, ки аз майдони боғи «Истиқлолият» оғоз шуда, то назди пояи Парчами давлатӣ идома меёбад. Баъдан дар назди пояи Парчами давлатӣ барномаи фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзоолим Саидов.

«Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тараннумгари истиқлолияту парчам ва ватану ваҳдат аз ҷониби ҳунармандон садо медиҳанд. Дар айни замон дар майдони «Истиқлолият» омодагиҳо барои баргузории барномаи фарҳангӣ ва роҳпаймоӣ ҷараён доранд»,- гуфт Мирзоолим Саидов.

Хотиррасон мешавем, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби масъулини шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳо ва гузаргоҳҳо бо Парчами давлатӣ оро ёфта, шиору навиштаҷот доир ба манзалати парчам насб шудаанд. Ҳамзамон дар нақлиёти ҷамъиятӣ парчамҳо насб гардидаанд, ки ба ҳусни шаҳр зеби дигар мебахшанд.

Тазаккур бояд дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Аз ҳамон сол инҷониб ҳар сол 24 ноябр- Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.

Парчами мо нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар назди он ба нишони эҳтиром сар фуруд меоранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт