РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ифтихори он барномаи фарҳангӣ доир мегардад

Ноябрь 22, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо иштироки ҳунармандони мамлакат барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Барномаи консертӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги мамлакат доир шуда, дар он устодони санъати тоҷик суруду таронаҳои ҷаззобро доир ба мавзӯъҳои Ватан-Модар ва истиқлолияту ҳувияти миллӣ иҷро менамоянд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат ҳамоишҳои илмию оммавӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо ва конференсияҳо вобаста ба муаррифии таърихи Парчами миллӣ доир мегарданд.

Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.

Парчами Тоҷикистон имрӯз дар қатори дигар парчамҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ 20 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар ин рӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Аз ҳамон сол инҷониб ин сана дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, ҳамон сол баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон дониста мешуд ва ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

9 сентябри соли 2011, дар рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд