ШАҲРИ САРСАБЗАМ, ДУШАНБЕ. Дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба миқдори 4715 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» 58163 бех ниҳоли дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олуи даштӣ шинонида шаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Дар асоси нақшаи тасдиқшуда, дарахтон аз ҷониби сохторҳои марбута, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинонида мешаванд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки барои сарсабзу шукуфон ва обод намудани як гӯшаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҳисса гузорад. Кормандони Кумита бо сарварии раиси он ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омода кардани мавзеъ барои шинонидани дарахтон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» корҳои омодагӣ ба анҷом расониданд.
Дар Боғи Ғалабаи пойтахт тибқи нақша аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 4715 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешаванд.
Дар доираи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишвар -шаҳри Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгоми чунин ташаббусҳо буда, дар таъмини ободонию озодагӣ, сарсабзии талу теппаҳо, гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт нақши муҳим мебозад.
АКС: Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе








«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






