Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми кушоди Қазоқистон оид ба шиноварӣ 19 медал ба даст оварданд

Ноябрь 29, 2022 09:10

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаато Ҷоми панҷуми кушоди Ҷумҳурии Қазоқистон оид варзиши шиноварӣ миёни «мастерсҳо» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик 19 медал ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳайати се нафар- Аҳмадҷон Умаров миёни собиқадорони то 69-сола, Шуҳрат Гадоев дар байни шиноварони то 50-сола ва Екатерина Бардачёва миёни ҷавонони то 24-сола ширкат варзиданд.

Рақобатҳо аз рӯи панҷ навъи шиноварӣ ҷараён гирифта, Аҳмадҷон Умаров миёни устодони варзиш чор медали тилло ва нуқра ба даст овард.

Шуҳрат Гадоев миёни иштирокчиёни то 54-сола 7 медал, аз ҷумла 3 тилло ба даст овард.

Екатерина Бардачёва ба се медали тилло ва як медали нуқра соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки ин устодони варзиш дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4-и пойтахт оид ба шиноварӣ тамрин мекунанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад