Дастаи «Зебонисо» чемпиони секаратаи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оид ба футбол шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова чемпиони секаратаи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оид ба футбол гардид. Қаблан футболбозбонувони Душанбе солҳои 2018 ва 2020 чемпиони кишвар шуда буданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Имсол дар Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) ширкат кард.
Чемпионат дар ду давра барпо гардид, ки дар он ҳар даста бо ҳамдигар ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ кард.
Дастаи «Зебонисо»-и пойтахт тамоми мавсимро бидуни бохт гузаронда, дар 18 вохӯрӣ 18 ғалаба ба даст овард. Шогирдони Зебо Гасимова дар ин мавсим 193 гол зада, ба дарвозаи худ ҳамагӣ се гол сар доданд.
Медалҳои нуқраи мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон насиби дастаи «Хатлон»-и Бохтар (48 имтиёз) гардид. Медалҳои биринҷӣ насиби футболбозони дастаи «Суғд» (39 хол) шуд.
Аз рӯи натоиҷи чемпионат Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон беҳтаринҳои солро муайян кард.
Беҳтарин дарвозабони чемпионати кишвар Муниса Гулова («Зебонисо») дониста шуд.
Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки 68 гол задааст, тақдим гардид.
Ҷоизаи «Кашфи сол»-ро аз дастаи «Бешкент» Улҷамол Элмуродова гирифт.
Зебо Гасимова («Зебонисо») беҳтарин мураббии чемпионат дониста шуд.
Нодира Мирзоева (Душанбе) беҳтарин довари зан дониста шуд.
Ва беҳтарин бозигари лига Сайёра Саидова («Зебонисо») дониста шуд.
Акс: ФФТ








Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд






