Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон миёни хизматчиёни давлатии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид

Декабрь 17, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 17.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии вазорату идораҳои калидӣ вобаста ба Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон машварати омӯзишӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон дар соли 2023 ва муваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар соли 2023 мебошад.

Миёни иштирокчиён -хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур саволу ҷавоб доир гардид.

Рӯнамо оид ба ҳадаф, мақсад, имконияти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки ёддоштҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордо миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкории байналмилалии Ҷопон аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷопон сафарбар шудаанд.

То ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Ҷопон хатм намуда, 32 нафар таҳсили худро идома дода истодаанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид