БОКС. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ширкат мекунанд

Январь 17, 2023 14:46

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18-26 январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад, ки дар он ҳафт варзишгари тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои ширкат дар мусобиқа 243 варзишгар аз 21 давлати қора сабти ном шудаанд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон 6 мард ва 1 занро ба Тайланд сафарбар кардааст:

-57кг – Хусравхон Раҳимов
-60кг – Абубакр Муродзода
-71кг – Довуд Маҳкамов
-75кг – Абдумалик Болтаев
-80кг – Шаҳбоз Ҳаитов
+92кг – Асадбек Маннонов
-60кг – Бибинишастамо Холова

Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Маҳмадҷон Сулаймонов ва Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ мекунанд. Доварони тоҷик Акмалҷон Абдуллоев ва Меҳроҷ Умаров муҳорибаҳои чемпионатро ҳакамӣ хоҳанд кард.

Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола моҳи январи соли гузашта дар Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарони мо 11 медал, аз ҷумла 1 тилло ба даст оварданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Январь 17, 2023 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд