ТОЛИБОН КУШТОРИ ТОҶИКОНРО ДАВОМ МЕДИҲАНД. Дар Кобул собиқ вакили парлумон Мурсал Набизода ба қатл расид

Январь 17, 2023 12:44

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кобул субҳи рӯзи якшанбе, 15 январ собиқ вакили парлумони Афғонистон Мурсал Набизода, ки миллаташ тоҷик мебошад, дар манзили истиқоматиаш аз тири афроди ношинос кушта шуд. Яке аз муҳофизони ӯ низ дар ин ҳамла ба ҳалокат расид. Бародари Мурсал Набизода ва муҳофизи дуюмаш захмӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба CNN.

Мурсал Набизодаи 32-сола аз шумори камтарин занони сиёсатмадор буд, ки баъди ба қудрат расидани толибон кишварро тарк накард. Сабаби ҳамла ҳанӯз маълум нест. Муҳофизи сеюм бо пулу ҷавоҳирот аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Мурсал Набизода дар ошёнаи якуми хонааш, ки онро ҳамчун дафтари корӣ истифода мекард, ҷон додааст.

Намояндаи полиси Кобул Холид Задран иттилоъ дод, ки таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.

Набизода соли 2018 вакили парлумон аз Кобул интихоб шуд ва то ба қудрат расидани толибон дар ин мақом буд. Ӯ узви Комиссияи мудофиаи парлумон буд ва дар гурӯҳи хусусии ғайридавлатӣ — Пажӯҳишгоҳи рушди инсон ва таҳқиқот фвъолият менамуд.


Собиқ вакили парлумон Марям Сулаймонхил изҳор дошт, ки «ӯ як зани қавӣ буд ва ба он чизе ки бовар дошт, истодагарӣ мекард».

Узви парлумони Аврупо Ҳанна Нейманн гуфт, ки «эҳтимол ӯро дар торикӣ куштаанд, аммо толибон дар рӯзи равшан низоми табъизи ҷинсӣ ҷорӣ кардаанд».

Собиқ вакил рӯирост ба муқобили қонунҳои ҷорикардаи толибон баромад менамуд. Ӯ аз манъи таҳсили занону духтарон ва дигар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ интиқод мекард.


Пас аз расидан ба қудрат дар соли 2021 толибон ваъда доданд, ки ҳуқуқи занонро эҳтиром мекунанд, аммо ба зудӣ ба ҷорӣ кардани маҳдудият шурӯъ намуданд. Исломгароён Вазорати кор бо занонро, ки 20 сол боз фаъолият дошт, барҳам доданд, дастрасии духтаронро ба таҳсил дар мактаб ва макотиби олӣ маҳдуд намуданд, занонро аз варзиш маҳрум сохтанд ва барандагони телевизионро муваззаф карданд, ки ҳиҷоб пӯшанд.

Судҳои Афғонистон вазифадор гардиданд, ки қонунҳои шариатро роҳнамоӣ кунанд. Дар кишвар қатлҳои оммавӣ ва ҷазоҳои ҷисмонӣ ҷорӣ карда шуданд.

_________________
* Ҳаракати «Толибон» —  барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳрими СММ қарор дошта, дар Тоҷикистон, Россия ва соири кишварҳо мамнуъ аст.

АКС: Парлумони Афғонистон/CNN/АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2023 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд