20 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон соҳиби дипломи такмили ихтисос шуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи январ курси таълимӣ таҳти унвони «Усулҳои фаъоли таълим» барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд, 7 феврал курси мазкур ҷамъбаст шуда, беш аз 20 нафар омӯзгорон соҳиби дипломи такмили ихтисос гардиданд.
Дар курси мазкур омӯзгорони беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода фаро гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти баргузории омӯзишҳо, машғулияти амалӣ, лексияҳо, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардию гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, ҳамоишҳои илмию методӣ ва ғайра пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ менамояд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






