БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара беш аз 100 иншооти таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бунёд, таъмир ва навсозии зиёда аз 100 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки Беморхонаи минтақавии №2-и Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки бо 70 кати беморӣ сохта шудааст, дар гузашта ҳолати ногувор дошт. Таъмирталаб будани иншоот ва норасоии дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобат аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар давоми ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва иқдоми соҳиборони саховатпешаю аҳолии деҳот на танҳо иншооти мавҷудаи беморхона пурра навсозӣ карда шуд, балки ду шуъбаи нав низ таъсис ёфт. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи минтақавии деҳоти Чоркӯҳро бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхису табобат таъмин намудааст.
Ба таъкиди табибон, дар гузашта бо сабаби набудани шароит ва имконияти ташхису табобат сокинон барои оддитарин амалиёти ҷарроҳӣ ва ё муайян намудани беморӣ ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара мерафтанд. Акнун дар Беморхонаи минтақавии деҳоти Чоркӯҳ бо таъсиси шуъбаҳои нави эҳё, ҷарроҳӣ ва осебшиносӣ, ин мушкилот куллан бартараф шуд.
Тазаккур дода шуд, ки барои таъмиру навсозии иншооти Беморхонаи минтақавии деҳоти Чоркӯҳ қариб 2,5 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Аз ин пеш, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурх бо иқдоми соҳибкорон ҳамчунин ду ду нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳоло дар ин ду деҳот, гурӯҳи табибон бо ду нақлиёти замонавӣ ба мардум хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар маҷмӯъ Беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Чоркӯҳ дорои шуъбаҳои кӯдакона, таваллуд, эҳё, ҷарроҳӣ ва осебшиносӣ, амрози дарунӣ ва ду нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ мебошад.
Ҳоло дар беморхонаи мазкур 14 нафар табиб ва зиёда аз 30 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад






