Байни Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкории илмию таҳқиқотӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал зимни мулоқот дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана (Perdane Dialogue Foundation)-и Ҷумҳурии Малайзия Муҳаммад Рафӣ Юсуф масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти Марказ ба ҳисоб меравад. Иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ байни марказҳои зеҳнӣ баргузор намудани машварату ҳамоишҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ҳамчун таҷрибаи амалӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Мудири иҷроияи Бунёди муколамаи Пердана Муҳаммад Рафӣ Юсуф барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Малайзия, махсусан Бунёди муколамаи Пердана ҳавасманди рушди ҳамкории бисёрсамта ва барои ҳарду ҷониб судманд бо Тоҷикистон аст.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, баргузор намудани симпозиуму конфронсҳои илмӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди муколамаи Пердана мувофиқи мақсад шуморида шуд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид






