«БТК Групп»-и Русия барои тавсеаи фаъолият ба корхонаи «СпитаменТекстайл» сармоя мегузорад

Февраль 13, 2023 13:12

ДУШАНБЕ, 13.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти «БТК Групп»-и Федератсияи Русия тасмим гирифтааст, ки барои дастгирии хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва тавсеаи фаъолияти корхонаи «СпитаменТекстайл» сармоягузорӣ кунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия ҳайати вилояти Суғд дар шаҳри Москва бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои «БТК Групп» мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таваҷҷуҳи сармоягузорони рус ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷалб карда шуд. Иброз гардид, ки дар ноҳияи Спитамен ҳамасола кишти пахта ба роҳ монда шуда, дар заминаи корхонаи «СпитаменТекстайл» метавон коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монд, ки ба ин восита ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Директори генералии гурӯҳи ширкатҳои «БТК Групп» Михаил Бочерев зимни мулоқот иттилоъ дод, ки ширкати мазкур бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дорад. Тибқи он ба кишти пахта дар вилояти Хатлон сармоягузорӣ намуда, дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯхти либосҳои пахтагин ба роҳ мондааст. Ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ дар вилояти Суғд низ имконпазир аст.

Дар мулоқот доир ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳамасола дар вилоят то 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда, имконот барои тавсеаи ҳамкорӣ фаровонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 13, 2023 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Словения дар соҳаи иқтисод густариш меёбад
Дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ намояндагони беш аз 54 давлат иштирок менамоянд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд