Клуби марказии варзишии Артиш бори аввал ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Клуби марказии варзишии Артиш (КМВА) дар бозии ниҳоӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Голҳои Хуршед Абдуллоев ва Сӯҳроб Каримов ба дастаи артиш пирӯзӣ оварданд.
Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар дастаи «Панҷшер» дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (вақти асосӣ 0:0) ғолиб шуд.
Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари Клуби марказии варзишии Артиш беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.
Ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи Клуби марказии варзишии Артиш ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ба барандаи медали нуқра «Регар-ТадАЗ» 30 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи медалҳои биринҷӣ «Равшан»-и Кӯлоб 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад






