Боксчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Шоми Бокс» бар ҳарифони худ аз Узбекистон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Боксчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Шоми Бокс» бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили муштзанони узбек ғолиб омаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба телевизиони «Варзиш».
Дар вазни 63,5 кг муштзани бомаҳорати ҷумҳурӣ Баҳодур Усмонов, зери вазни 80 кг Шаббос Негматуллоев, дар вазни 86 кг Парвиз Каримов, вазни 92 кг Давлат Болтаев ва зери вазни +92 кг Муҳаммад Аброриддинов ба муқобили ҳарифони худ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе» доир гашта, ба иштирокчиёни мусобиқа туҳфаҳои пулӣ дар ҳаҷми 5 000 ва 2,500 доллар тақдим карда шуд.
АКС: телевизиони «Варзиш»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд






