Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идонаи наврӯзӣ доир гардид

Март 18, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати таҷлили бошукуҳи  Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки мероси таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва  ориёӣ маҳсуб мешавад, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат Наврӯзи фархундапай, ки яке аз ҷашнҳои бисёр муқаддас ва мубораки ниёгонамон мебошад, бо шодиву фараҳи зиёд таҷлил мегардад.

«Наврӯз бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми мо аз қадим ҳамчун иди соли нав, ҳаёти нав ва умеду орзуҳои нав ҷашн мегирифтанд. Наврӯз на танҳо ҷашну шодмонӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ ва муаррифи таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад»,-тазаккур дод ӯ.

Дар воқеъ, бо ибтикор ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз худ ҷаҳонӣ шудани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мебошад ва аз таърихи куҳан доштани миллати мо шаҳодат медиҳад.

Наврӯз дар таърихи халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва умуман халқҳои ориёинажод мақому манзалати хосса дошта, дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон рушду такомул ёфтааст.

Бояд гуфт, ки гузаштагони мо Наврӯзро давоми асрҳо чун муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва оғози киштукор истиқбол мекард ва анъанаву суннатҳои онро азизу гиромӣ медошт.

Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, он нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост.

Иброз гардид, ки чун анъана имрӯзҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба киштукори баҳорӣ ва ободонии Ватани азизамон камар бастаанд, то мамлакати офтобию ҳамешабаҳорамон зеботару нурафзотар гардад. Албатта, анъанаҳои наврӯзӣ моро низ водор месозанд, ки ҷиҳати ободии Ватанамон таҳти роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳарвақта дида бештар содиқонаву софдилона заҳмат кашему кӯшиш намоем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта гардад.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо ранги сабзи худ дар фазои сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватан раҳнамун созад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд
Дар Осиёи Марказӣ ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» таҳният мегўянд, — бардошт аз ҷашни наврўзӣ дар Бӯстон
«ТУХМҶАНГАК» ДАР ЗАРАФШОН. Он бозии дӯстдошта дар ҷашни дилорои наврӯзист
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
Ба сокинони ноҳияи Ишкошим дар ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд