Маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» дар Вена муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷлосияи 66-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар чорабинии канорӣ бо иштироки роҳбарон ва ҳайатҳои давлатҳои аъзои СММ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар иштирокчиёни иҷлосия доир карда шуд. Чорабинии канорӣ таҳти ҳамраисии Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ашита Миталл баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода маҷаллаи «Шарҳи вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022»-ро, ки ҳамасола таҳия ва нашр мегардад, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Таваҷҷуҳи иштирокдорон бештар ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъаовар, тамоюли асосии вазъи маводи мухаддир дар мамлакат ва минтақа, инчунин фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, назорати муомилоти қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, таҳкими назорати Сарҳади давлатӣ, баргузории амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо, амалисозии барномаҳо, татбиқи лоиҳаҳои зидди маводи мухаддир ва ҳамкории байналмилалӣ ҷалб карда шуд.
Маҷаллаи мазкур ҳамчун маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ барои дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои татбиқи барномаю стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Муаррифии маҷаллаи мазкур дар доираи чорабиниҳои иҷлосия барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳалли мушкилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Дар чорабинии мазкур Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва Президенти КАТКА иштирок ва оид ба масъалаҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокимаронӣ намуда, барои рушди ҳамкории судманд изҳори омодагӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд






