Дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5,5 гектар токзори нав бунёд гардид

Апрель 4, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи таълимӣ-  таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, воқеъ дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5,5 гектар токзори нав бунёд карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Барои бунёди токзори нав аз хоҷагиҳои ангурпарварии шаҳри Турсунзода қариб 2 ҳазору 500 бех ниҳоли ангур, асосан навъҳои серҳосилу ба содирот нигаронидашуда, ба монанди “Президентӣ”, “Истиқлол”, “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиши сиёҳу сафед” оварда шинонида шудааст.

Зимни ташкили токзори нав муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Усмонзода Аюб Ислом таъкид доштанд, ки тадбири мазкур ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хотири афзун намудани ҳосили боғу токзор ва истифодаи таҷрибаҳо дар дигар минтақаҳои мамлакат амалӣ карда мешавад.

Масоҳати Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 25,9 гектар буда, дар ин ҷо зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтон парвариш карда мешаванд.


Тазаккур дода шуд, ки фаъолияти Минтақаи таълимӣ-таҷрибавӣ барои баланд бардоштани  савияи илмӣ-амалии донишҷўёни  ихтисосҳои география, экология, биология, дар давоми таҳсил гузаронидани таҷриабомўзии  саҳроӣ, истеҳсолӣ, иҷро намудани корҳои курсӣ, рисолаи хатм, инчунин анҷоми тадқиқоти илмӣ ба докторантон, омўзгорон ва мутахассисони Дониишгоҳ муосидат мекунад. Илова бар ин,  масъулони минтақа дар соҳаҳои гуногуни илм, барои ба иқлим мутобиқ намудани растаниҳои гуногун, зиёд кардани навъҳои  беҳтарини ангур, дарахтони мевадиҳанда ва ороишию ҳамешсабз бо мутахассисони Маркази илмии хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони факултетҳои биология ва химия, геоэкология ва туризм дар ҳамкорӣ тадқиқот бурда, усулҳои нави технологияи парвариши растаниҳоро дар минтақа ҷорӣ карда, бо онҳо донишҷўёнро шинос менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳар сол аз боғҳои мавҷудаи Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд то 20 тонна мева ҷамъоварӣ карда мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Апрель 4, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд