МУШКИЛИ ОБ ВА ИҚДОМҲОИ БАШАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст

Апрель 29, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мо, мардуми тоҷик  ифтихорманд аз он ҳастем, ки ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимӣ ёфта, симои Пешвои миллати моро чун шахсияти бузург дар арсаи байналмилалӣ  бо дурахши хосаи сиёсӣ ҷилвагар гардонидааст. Маҳз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон буд, ки СММ солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома қабул намуд ва панҷ  пешниҳоду ташаббуси Президенти Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт. Чунин ибрози андеша намудааст дар робита ба ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур карда мешаванд.

— Мушкили об, ки пешорӯи сайёраи мост, солҳои охир бо сабаби гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст. Яке аз он сарвароне, ки дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ ин масъалаи сахт изтиробангези инсониятро гузоштаву бонги  хатар аз фоҷиаҳои имкондошта задаанд, Пешвои миллати мо, Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо пешниҳод ва масъалагузориҳои Сарвари давлати мо дар ҷаласаҳои СММ чандин барномаҳои байналмилалии марбут ба об – ин масъалаи барои инсоният хеле муҳим ва ҷиддӣ қабул гардидаву пайгирӣ карда мешаванд. Барномаҳое, чун “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” аз ин ҷумлаанд.

Ахиран Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 моҳи марти соли равон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр дар Ню Йорк баргузор гардид, аз ҷумлаи самараҳои иқдоми Пешвои миллати мо мебошад.

Дар чорабинии канории  “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмиллалии  пиряхҳо”, ки бо ташаббуси  Тоҷикистон  дар  доираи  Конфронси оби СММ баргузор карда шуд,  Дабири кулли СММ  Антонио Гуттерриш,  Президенти Боливия Луис Аберто Арое, Дабири кулли Созмони байналмиллии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори  генералии  Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори  генералии  Иттифоқи  байналхалқии  ҳифзи табиат Бруно Оберлӣ ва муовини  директори ЮНЕСКО Син Тсюя  иштирок ва суханронӣ карданд, ки ин ҳама арҷгузорӣ  ва эҳтиром ба шахсият ва иқдомоти Сарвари тоҷикон аст. Бешубҳа,  ин конфронс, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҳалли буҳрони об ва беҳдошт  дар сайёра  мусоидат хоҳад кард.

Конфронс дар Ню Йорк қадами аввал дар роҳи татбиқи  қатъномаи  нави СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ба шумор меравад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳадафи конфронс, пеш аз ҳама,  мутаҳҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои  муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад. Ин ҳамоиш ҳамчунин  барои таҳияи уҳдадориҳои  муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб доир ба натиҷаҳои конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

Инак, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи СММ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2025 мизбони  Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон хоҳад буд, ки ин гувоҳи нақши бузург ва обрӯи байналмилалииТоҷикистон ва фаъолияти хастагинопазиронаи Сарвари  муҳтарами он  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ва мушкили башарият мебошад.

Ба ин муносибат дар партави иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллати мо  баъзе маълумоти ҷолибро оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон ва аслан хусусияти хос, аҳамият ва мавқеи об ба хонандагон пешниҳод мекунем, ки донистани онҳо аз аҳамият холӣ нест.

 Тоҷикистон- саргаҳи обҳои зулоли ошомиданӣ

Мо дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар давлате зиндагӣ мекунем, ки сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании дунёст. Пиряхҳои бешумори кӯҳсорони мо манбаи бузурги обҳои поканд. 8 фоизи ҳудуди давлати моро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки  масоҳати умумиашон 11,146 ҳазор км2 буда, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираҳои об маҳфуз аст.

Дар Тоҷикистон 947 дарё ва сойҳои доимӣ вуҷуд дорад. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои зиёди дигар, ба мисли Қаратоғ-Ширкент, Қизилсу-Яхсу, Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва сойҳои Ашту Сомғор аз ин ҷумлаанд.

Дар мамлакати мо 1300 кӯл ба масоҳати 705 км2  мавҷуд мебошад, ки ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 км3 ро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор  20 км2 обҳои ширин мебошанд.

Кӯли дар нусхаи худ беҳамтои Сарез,  даҳҳо кӯлҳои оби мусаффои кӯҳҳои Тоҷикистон, рӯдбору обшору чашмаҳои беҳамтои мамлакати шодобамон  саршори обҳои зулоли бебаҳо ва беҳамто дар ҷаҳон мебошанд.

Захираи обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км3/солро  ташкил медиҳад.

Бале, мо, хушбахтона, дар канори чашмаҳову обшори зулол ва рӯдбори шодобу файзафшон зиндагонӣ мекунем. Аммо, муттаасифона, ҳанӯз қодир нестем аз онҳо пурра ба манфиати миллии худ истифода барем. Дар баъзе мавридҳо дарёҳои мо аз канори мо мегузаранду мо аз онҳо бебаҳраем.

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат ба мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошанд. Яъне норасоии об, хатари беш аз беш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокини сайёра аз норасоии об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунандаву фавти инсонҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърузаҳои Сарвари давлати Тоҷикистон пайваста мавриди андеша қарор мегиранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуда, ангезиш ба ҳамагон медиҳанд.

Барои он ки  ба қадри обҳои зулол ва худододи сарзамини худ бирасем, барои дарки вазъият ва моҳияти масъалаи ҳифзи оби пок  мо бояд вазъи оби пок дар дунё ва баъзе маълумотро аз хусуси обҳо бидонем. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» чанд суҳбате дар ин мавзуъ барои хонандагони арҷманд омода ва пешниҳод намоем, то маълумоти бештаре дар ин соҳа дошта бошанд.

Инак, суҳбати аввал.

Об- сарчашмаи ҳаёт дар рӯи Замин

Об сарчашмаи ҳаёт, асоси ҳама мавҷудоти зинда дар рӯи Замин ва сарчашмаи худи зиндагист.

Ҳафтоду панҷ- ҳаштод фисади ҷисми мо иборат аз об буда, мо метавонем бе хӯрок қариб як моҳ зиндагӣ кунем, бе об – танҳо чанд шабонарӯз.

Ҳамин  формулаи одии Н2О, яъне оби муқаррарӣ таҷассуми муаммоҳои зиёдест.

Ин ягона модда дар сайёра аст, ки қобилияти  дар се ҳолат: моеъ, шакли газ (буғ) ва сахт – ях  метавонад зуҳур дошта бошад.

Об ва гардиши он дар табиат аз бисёр ҷиҳат иқлими глобалиро муайян мекунад. Ба назар чунин менамояд, ки об дар Замин хеле бисёр аст. Аммо наваду ҳафт фоизро дар сайёра уқёнусҳо ташкил мекунанд. Ин оби шӯрест, ки нӯшиданӣ нест. Ду фоизи обҳо дар бунбасти пиряхҳои Арктика, Антарктида ва қуллаҳои баландкӯҳ мондаанд.

Фақат аз сад бисту нуҳ фоизи захираҳои оби сайёраро рӯдҳову кӯлҳо маҳфуз медоранд. Ҳиссаи оби ҳаво (атмосфера) боз ҳам камтар — аз даҳ ҳазор панҷ фоиз аст.

Миқдори оби ошомиданӣ  сол то сол дар дунё коҳиш меёбад, дар ҳолате, ки аҳолии Замин дар афзоиш аст. Дар асоси асноди СММ, дар панҷоҳ соли охир истеъмоли об ду баробар афзудааст.

Тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ, зиёд шудани теъдоди мошинҳо, фаъолияти пайвастаи хоҷагидории инсон ба ифлосшавии обҳо меорад.

Об ва саломатӣ

Дар асоси маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳаштод фоизи бемориҳо аз истеъмоли обҳои бесифат рӯй  задаанд.

Ҳафтод — ҳафтоду панҷ фоизи ҷисми мо аз об иборат аст, полудаҳои моеъии мағзи сари мо низ 90 фоиз об аст,  95 фисади хунамон ҳам аз об иборат аст. Одамро, ки аз об ҷудо кардем, аз ӯ чӣ мемонад? Ва агар одам истеъмоли обро кам кунад, чӣ бемориҳое ба ӯ мечаспанд? Агар навиштаҳои табибони халқиро хонед, мефаҳмед, ки бо ба тартиб даровардани истеъмоли об дарди сар бартараф гардида, гурдаҳо озод кор мекунанд, гардиши хун ва зарда беҳтар мегардад ва аз ин ҷо кори дил, ҳозима ва  тартиби пешоб беҳбудӣ меёбад.

Беҳуда нест, ки аз замонҳои қадим инсонҳо дар соҳилҳои рӯдбор, кӯлҳову баҳрҳо зиндагӣ ихтиёр мекарданд. Об на фақат барои қобили ҳаёт будани одам, балки барои нӯшидан, эҳтиёҷоти хоҷагӣ ва рӯзгор ҳам даркор аст. Агар об дар хона набошад, зиндагӣ қатъ меёбад. Агар об дар полез нест, наметавон сабзавоу меваҷоту рустаниҳои дигарро рӯёнд.

Бояд обро пок нигоҳ дошт

Муносибати мо бо об бояд муқаддас бошад. Бояд обро пок дорем. Хусусан, боқимондаҳои обҳои ифлоси корхонаҳои саноатиро набояд ба рӯдҳову кӯлу баҳрҳо рехт.

Ҳайвонот низ наметавонанд бе сарчашмаҳои тозаву солими об зиндагӣ кунанд. Тарси марг аз ташнагӣ сахттар аз тарси гушнагӣ аст ва ин то ҷоест, ки дар ҷангалу марғзор ба обхӯраҳо ҳам шер меояду ҳам оҳу ва ҳам дигар ҷонварҳо ва касе ҳамдигарро намехӯрад. Чӣ гӯем аз рустаниҳое, ки наметавонанд афзоиш ёбанд ва дар мавриди беобӣ ногузир хушк мешаванд.

Об ҳаёт аст: ҳам барои растаниҳо, ҳам барои алафхорону дарандагон ва ҳам барои одам

Барои инсон ҳатто норасоии андаки об зиёновар барои саломатии ӯст, гурдаҳо хуб шуста намешаванд,  метавонад қум ва санг дар гурдаҳо пайдо шавад.

Агар об дар ҷисми шумо ба қадри кофӣ нест, майнаи сар наметавонад хуб фаъолият кунад. Эҳсосатон  дар шинохти муҳит ва баҳогузории он  ғайрифаъол гардида, диққататон коҳиш меёбад. Шумо ташнагиро ҳам метавонед эҳсос накунед, сустӣ, ангезиши тунд ва тангшавии асабҳо шуморо метавонад фаро гирад.

Барои пешгирии чунин ҳолатҳо обро бояд пешакӣ истеъмол кард. Хусусан ба ин гуна ҳолат пирону кӯдакон бештар дучор мешаванд. Ба истеъмоли дурусти об аз хурдсолӣ бояд одат кард. Зеро норасоии андаки об дар вуҷуди инсон метавонад боиси ангезиши бемориҳои пайвастаи гурда, на фақат регу санг, балки ҷараёни рутубатзадагӣ ва илтиҳоб гардад, зеро узвҳо, аз ҷумла, зардаи ғализ, хун, шираҳои меъда, хуни ғафс ба тариқи кифоят тоза намешаванд. Ин боиси пайдоиши  сактаи дил, сактаи майна, қабзият, баландшавии қанд дар хун мегардад. Акнун худ қазоват кунед, ки нӯшидани оби тоза чӣ манфиате барои ҷисми инсон дорад.

Об ба ҷисми инсон бо ғизо ворид мешавад

Худи ҷисми одам дар натиҷаи реаксияҳои биокимиёвӣ  то 400 грамм об ҳосил мекунад. Қабули намунавии об 1-1,5 литр дар як шабонарӯз бо истеъмоли  хӯрок ва ошомидани об аст.

Баромадани об аз ҷисми мо тавассути нафас 400 миллиграм, ба воситаи гурдаҳо 1,4 литр, тавассути пӯст 0,5 литр, ва 0,1 тавассути рӯдаҳост. Дар гармо ё  ҳангоми шуғли фаъоли ҷисмонӣ, вақти машғулияти варзишӣ ва ҳангоми исҳол талафи об аз ҷисм бештар мегардад. Ҳамаи инро ҳангоми танзими обнӯшӣ дар назар бояд дошт. Дар гармо бештар бояд об нӯшид. Бо арақҳои бадан намакҳои маъданӣ низ талаф меёбанд.
Барои қаноатмандии узвҳои бадан нӯшидани оби каме бо лимӯ туршкарда, аммо бе қанд тавсия дода мешавад. Агар мо чойи ширин нӯшем, баъд аз он ташнагиямон бештар мегардад. Агар хоҳед ташнагиро бо чой рафъ кунед, беҳтараш чойи кабуд нӯшед.

Дар ҳама ҳолат оби тоза бояд ҳамарӯза ба ҷисми мо ворид шавад. Агар имкон бошад, бештараш аз оби чашма ним соат пеш  ва ду соат баъд аз хӯрок нӯшед. Бо ин шумо дахолат ба ҳозима намекунед. Дар ҳавои гарм, вақте аз узвҳо об ва минералҳои зиёд берун меоянд, метавон оби менералии камминерилро  истеъмол кард.

Рӯзи худро бо як пиёла оби тоза дар меъдаи холӣ  оғоз намоед. Обро бо қултҳои майда соати 7 — и саҳар нӯшед. Шумо манфиати онро эҳсос хоҳед кард, узвҳо ба тозашавӣ медароянд, гурдаҳову  рӯдаҳо фаъол мегарданд,

Хуллас, одам бояд дар як рӯз на кам аз 1,5-2 литр об нӯшад. Беҳтараш оби тоза, аз чашмаи табиат бошад. Агар не, онро полуда нӯшед. Агар ин ҳам имкон надорад, он гаҳ обро ҷӯшонида,  такшин намуда, нӯшидан даркор аст.

Ба ҷои чойи ширин, шарбат ва дигар  нӯшокиҳо оби покро нӯшида, шумо худро бештар солим эҳсос мекунед.  Донистани ҳамин як ҳақиқат кифоят аст, ки таркиби хуни моро на чойи ширин ва ҳатто сабз ва на моеъи дигар, балки об, танҳо об ташкил медиҳад.

Ба ҷуз ин, олимон ба чунин хулоса омаданд, ки об таркиб ва ҳофиза дорад. Ба шумо тавсиа медиҳем, ки пеш аз нӯшидани об пиёларо бардошта нидо кунед: Бо муҳаббат ва шукргузорӣ… Чунин об ба шумо танҳо сиҳатӣ мебахшад.

 Аз таърихи об

  1. Аввалин мавҷудоти зинда дар замин 4 миллиард сол пеш, маҳз дар об пайдо шудаву хеле вақт дар он маскун будаанд. Аввалин растаниҳо ҳамагӣ 480 миллион сол пеш аз об берун баромадаву дар хушкӣ зиндагӣ оғоз намудаанд. Боз ҳаштод миллион соли дигар гузашт, то аз паси онҳо аввалин ҷонварон зуҳур кунанд, ки навад  фисади зуҳуроти зинда низ дар об пайдо шудаву нумӯъ ёфтаанд
  2. Миқдори кифояи нам ба нумӯи ҳамаҷонибаи растаниҳо мусоидат намуда, ҷонварҳои бешуморро бо ғизо ва паноҳгоҳ таъмин мекунад. Ва на танҳо ҷонварон, инсонҳо низ ҷойҳои сероб ва сабзу хуррамро интихоб мекунанд, то ки зиндагияшон сабуктар гузарад. Шояд маҳз аз ҳамин рӯ мо дар дурахши об зебоии фавқулодаро эҳсос мекунем. Оби мусаффо  дар иҳотаи рустаниҳои зебо таҷассуми зеботарин манзараҳо аст.
  3. Маҳз об табиат ва иқлими заминро шакл дода, роҳи таърихии инкишофи одамро муайян намудааст. Дар ривоятҳои асотирӣ об рамзи офариниши олам аст. Тасаввурот дар бораи он ки олам аз об баромадааст, дар ҳама фарҳангҳо ҳузур дорад. Тамаддунҳои дар канори он ба вуҷудомада низ аз ҷиҳати биологӣ нумӯъ доштаанд. Об ба тарзи тафаккур, фарҳанг, санъат ва ҷаҳонбинии онҳо низ таъсир мегузорад. Динҳои муосир низ ба об ҳамон мақомро қоил ҳастанд.
  4. Об ҳамчун манбаи ҳосилнокӣ ва эҳёи нав ҳамеша дар худ муаммоеро ниҳон медошт. Одамон наметавонанд дар об зиндагӣ кунанд, аммо бе об ҳам зиндагӣ нест. Об шомили хирад ва неру аст: зинда мекунад, барқарор месозад, тоза медорад. Об рамзи навсозӣ ва покизагӣ аст. Одамон инро аз замоне медонанд, ки ба зиндагӣ шуруъ кардаанд.

Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд