Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳии Дубай санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи сайёҳии Дубай шартномаи нави ҳамкорӣ баста шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар асоси ин санад Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишкадаи сайёҳии Дубай ҳамкориро тақвият медиҳанд.
Дар ҷараёни имзои созишнома сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Алимурод Бобоев бо директори Донишкадаи сайёҳии Дубай ва ҳамзамон директори иҷроияи Сарраёсати иқтисод ва сайёҳии Дубай Исо бин Хадер масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён ва иҷрои корҳои илмӣ- таҳқиқотии муштаракро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар доираи созишномаи басташуда иброз доштанд.
Шартномаи нави ҳамкорӣ дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2023», ки аз 1 то 4 май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, баста шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»






