ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Бозиҳои даври сеюм 24 май баргузор мешаванд

Май 23, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 май бозиҳои даври дуюми Чемпионати чаҳоруми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода доир шуд. Дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи мунтахаби то 20-солаи Афғонистон мусовӣ: 1 бар 1 бозӣ кард. Ҳар ду даста дар ин бозӣ соҳиби якимтиёзӣ гардид. Дастаи мунтахаби то 20-солаи Афғонистон, ки дар бозии аввал ба муқобили дастаи мунтахаби то 20-солаи Туркманистон бо ҳисоби 2:1 зафар ёфта буд, шумораи имтиёзҳояшро ба 4 адад расонид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии дигар дастаи мунтахаби то 17-солаи Узбекистон бо ҳисоби калони 9 бар 2 ба муқобили дастаи мунтахаби Туркманистон ғолиб омад. Дар бозии аввал дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3 бар 2 ба муқобили дастаи мунтахаби Эрон пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Қобили тазаккур аст, ки пас аз бозиҳои даври дуюм дастаи мунтахаби то 17-солаи Узбекистон бо касби 6 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот ҷойгир аст. Дастаи мунтахаби Афғонистон бо 4 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.

Бозиҳои даври сеюми чемпионати CAFA-2023 24 май баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Туркманистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.

Дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе бозии дастаҳои мунтахаби Эрон ва Афғонистон доир мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Май 23, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд